
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд. Бо дарназардошти ин, давлату ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, ба марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагӣ ҳамчун неруи фаъолу қувваи асосӣ, бунёдкорони фардои дурахшон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ташаккулёбии ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бояд қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ омад. Яъне татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар чунин таъкид намуданд: “Мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.
Имрӯз қишри асосии аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ҷавонон ташкил дода, саҳми онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва сохти давлатӣ баралло эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, ба марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагӣ ҳамчун неруи фаъолу қувваи асосӣ, бунёдкорони фардои дурахшон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ташаккулёбии ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Зеро, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон кафолати фардои дурахшони Ватан буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми барномаҳои давлатию миллӣ низ бо такя ба ҳамин нерeи созанда тарҳрезӣ ва дар меҳвари сиёсати давлат ҷой дода шудааст. Маҳз, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Албатта, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, омили асосии рушди неруи инсонӣ ба шумор меравад. Барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз тарафи Ҳукумати мамлакат давра ба давра иқдомоти мушаххас амалӣ гардид. Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.Натиҷаи андешидани тадбирҳо ин аст,ки солҳои охир ҷавонони мо ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ бо шавқу завқи бештар рӯй овардаанд ва ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад. Илова ба садҳо ҳазор ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар таҳсил карда истодаанд, беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил барои пешрафту ободии Ватани худ саҳм хоҳанд гузошт. Бар замми ин, бо фармони Президенти мамлакат ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ фонди махсус таъсис дода, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд.

Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардиданд. Яке аз ин қонун оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” андешаронӣ карда бояд кайд, ки дар қонуни мазкур тарбияи ватандӯстӣ на танҳо ба ҷавонон, балки ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синн ва касбу кор равона гардидааст.Вале, дар маҷмуъ дар меҳвари он таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон зоҳир шудааст. Инчунин, яке аз иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Шӯрои мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Хулоса, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намоянд. Ҳамчунин, онҳо фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ