ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ – ИДЕОЛОГИЯИ ИФРОТӢ

Таҳилҳо собит менамоянд,ки ки бархе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳӣ арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Бояд қайд кард, ки андешаҳои инсонбадбинона байни тарғиботчиёни мусулмон боис мегардад, ки ба обрӯи дини мубини Ислом рахнаи сахт занад. Тундгароии сахт шахси мағзи сараш шусташударо водор мекунад, ки дар симои мусулмонон на бародарони динӣ, балки душмани худро бинад. Агар салафӣ бошад, пайрави дигар мазҳабро, агар шиа бошад, суннимазҳабро бад мебинад ва омода мешавад, ки даст ба силоҳ барад ва ё ҳатто худро тарконад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки шаҳид мегардад. Ин гурӯҳ бо пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ умр ба сар баранд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ ва роҳгумзадагӣ боқӣ бимонанд. Табиӣ аст, ки дар чунин маврид онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттаваранд. Ин тоифа гуруҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд.Вале ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин табақа бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу адати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.


Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда , асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад . Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандҳои худро назди ҳамин гуна афроде, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогаҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Аз ин лиҳоз , таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст. Дар иртибот ба ин, бо дарназардошти расонаҳои хабарӣ бояд қайд кард,ки соли сипаригардида дар мамлакат 36 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор шудаанд. Аз ин миқдор 8 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин давра нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳояшонро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазору 348 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суди шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол шудааст.Аз ин ҳолати бамиёномада, мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, бояд пурра эҳсос кунанд.


Қайд кардан зарур аст,ки дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Баробари ин, хулосабарорӣ намуда, метавон қайд кард, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Бинобар ин ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, метавонанд бе мамониат вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *