МАВҚЕЪИ МО НИСБАТИ АФҒОНИСТОН ВОҚЕИСТ!

Имрӯз вазъи сиёсии мамлакатҳои Исломӣ, бахусус Афғонистон   нисбатан ноором аст, ки он беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ иқтисодӣ, амнияти минтақа пайванд мегардад. Ин вазъ пеш аз ҳама барои занон, кӯдакон ва пирони барҷомондаи кишвари щамсояамон бисёр сангин аст. Ин ҳолат яке аз масъалаҳои муҳим  аст, ки моро ба канор гузошта наметавонад.Баробари ин, бояд қайд кард,ки масоили Афғонистон ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Воқеан иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истиқрори сулҳ дар минтақаи ҳамҷавори мо нақши муҳим дорад. Боиси қайд аст,ки ҷумҳурии  мо яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки масъалаи барқарории сулҳу оромиро дар кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мушкилоти байналмилалӣ шумурда, дар тамоми нишастҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ин масъаларо дар баробари дигар масъалаҳои муҳими сиёсии хориҷии худ дар маддӣ аввал гузоштааст. Пешвои муаззами миллат борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки кӯмаки худро барои Афғонистон дареғ надоранд, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист.

Таърих собит месозад, ки мардуми шарифи ин кишвари бародар, бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мо ба сарнавишити бародарони афғони худ бетафовут нест. Мавқеъгирии Сарвари кишвар дар баробари буҳрони кунунии Афғонистон мувофиқ ба конвенсиони байналмилалӣ аст. Яке аз хостаҳои Сарвари давлати мо ин аст, ки ҷиҳати ворид кардани намояндагони ҳама қавму миллатҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд, ба ҳукумат дар оянда на танҳо мувофиқ ба ахлоқу инсоф аст, балки бар асоси қонуну қоидаҳои байналмилалӣ низ мебошад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аввалан ба манофеи миллии қавмҳо ва миллатҳое, ки дар ин кишвар тӯлӣ қарнҳо барои ба даст овардани истиқлолият ҷоннисориҳо намудаанд, таваҷҷуҳ намоянд. Кишвари Афғонистон танҳо мансубият ба як қавм надорад.

 Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсояи худ дар қатори дигар давлатҳо муносибатҳои хуби иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошт ва мехоҳад ҳар чӣ зудтар ин муносибатҳоро барқарор намояд. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон якчанд роҳҳои мошингардро тавассути пулҳо кушод, мутахассисонро барои соҳаҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи ин давлат омода намуд.

Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон дорем, ки ҳалли мушкилоти бамиёномада дар кишвари ба мо ҳамсоя-Афғонистон бо ташкили ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳо амалӣ хоҳад гашт.

Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *