Вақт довар асту таърих гувоҳ, ки тӯли солҳо, бахусус солҳои 90-уми асри гузашта раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ авзои ҷомеаи моро ноором мекарданд. Оқибат симои аслии бадхоҳони давлату миллат ба хамагон аён гардид. Имрӯз ин бештари ин қабил афрод сарсону саргардон мисли гадо, дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагонашон умр ба сар мебаранду тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ боз иғворариҳояшонро нисбати мамлакати соҳибистиҷлоламон идома дода истодаанд. Сиёсате, ки ТТЭ ҲНИ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиѓ мекунанд сиёсати ифротгароист, ки дини мубини Ислом онро мањкум мекунад. Бояд донист, ки ТТЭ ЊНИ аз назари аќида, њадафњояш воќеан як созмони комилан ифротї ва террористї буда, аз ДИИШ ва умуман аз дигар гурўњњои террористї фарќе надорад. Танњо зоњир ва пўшиши худро замонавї нишон медињад ва шиорњои гўё мардумї ва демократї сар медињад. Ҳатто, ҷангҳои иттилоотиро метавон кори дасти онҳо номид. Бинобар ин, барои ба вартаи ғаразноки ҷангиёни иттилоотӣ фирефта нашудани мардум, хусусан ҷавонон ташкилу такмил додани чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилии равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро иттилоот зиёд аст, вале истифодабарандаи он худи инсон аст. Дар ин самт такмил додани донишу малакаи таҳлилии истифодабарандагони иттилоот пеш аз ҳама муҳим мебошад.
Хулоса бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, таъкидан бори дигар ба ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ гуфтанием, шумоён берун аз кишвар ҳастед, намедонед, ки мо дар кишвари биҳиштосо зиндагӣ мекунем, мулкамон ободу озоду ором аст. Мо хушбахтарин миллати рӯи ҷаҳон ҳастем. Мо имрӯз муттаҳиду сарҷамъ ҳастем ва Ватани азизамонро дӯст медорем. Магар шумо-роҳгумзадагон фикр намекунед, ки якруз баъди маргатон тобуди Шумо ба зери хоки зодгоҳатон меояд, эй беақлони хиёнаткори кӯрдил! Воқеан раҳбарияту ҳамммаслакони ТТЭ ҲНИ аз табақаи мардумони кӯрдиланд, ҷуз кинаву бадбинӣ, нафрат, сиёҳиву харобӣ дар қалбашон ба худ касб гирифтааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки мо доимо нисбати роҳбарияти кунунии ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайравонаш, таъкидан қайд карда будем, такроран гуфтанием, ки тирӣ ин қабил хиёнаткори кӯрдил боз хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое,ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, ба зиндагию кори худ идома дода, ба иғвоҳои кӯрдилони мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён дода нахоҳанд шуд. Имрӯз садҳо шукр, ки тамоми шароит дар тамоми соҳаҳо барои шаҳрвандон муҳайё аст. Аз ҳамин лиҳоз мо имрӯз аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон розӣ ҳастем ва дар ҳама ҳолат онро дастгирӣ хоҳем кард.
Д.Шарипов ,устоди ДИС ДДТТ