Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун нисбат ба терроризиму ифротгароӣ андешаҳои худро баён менамоянд. Мо низ тасмим гирифтем, ки дар атрофи яке аз масъалаи доғи рўз, оид ба зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ки имруз хатари асосии таҳдид амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ аст, андешаҳои хешро иброз менамоем. Воқеан мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки яке аз омили асосии паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ вобаста аст. Таҳлили кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар нишон медиҳад, ки аз 90 то 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд.
Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рўҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Баробари ин, муайян шудааст, ки гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Масалан, дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Аллоҳ бо мост», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Бинобар ин, тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад. Чунончӣ тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, соли гузашта 36 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғариқонунии дини мегирифтанд,ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Хулоса ҳузури созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари ҷиддиро барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Маҳз, бо назардошти чунин ҳолат давлатҳо дар шароити кунунӣ ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа таваҷҷуҳи бештарро равона намудаанд. Бинобар ин, ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо минбаъд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ