ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ вобаста ба касофат ва хушунати раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъба зимни изҳороти навбатиамон ибороз медорем, ки дар фазои сулҳу суботи ҷомеаи имруза созмону гуруҳҳои гумроҳзадаи ифротӣ, алалхусус раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ арзи вуҷуд доранд. Ин хоинони миллат баъд аз аёну исбот гардидани амалҳои хоинонаашон фирорӣ гашта, дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ фаъолияти муғризонаашонро ба роҳ мондаанд. Борҳо зимни изҳоротҳо андешаҳои хеш нисбати хонони миллат бо далелҳои амиқ амалҳои номатлубашонро чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он баён дошта будем. Боз иловатан андеша ронда қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат – Кабирию Муҳаммадиқбол то ҳол хулосабарорӣ накарда, дар моҳҳои охири соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар баромаду навори видеоӣ андешаҳои бемантиқу сафсата ва беасосро иброз медоранд.  

Дар робита ба ин, дар урфият мегўянд, ки вақт довар аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад, ки имрўз сокинони кишвар аз ҳама амалҳои ин бадхоҳони миллат бохабаранд. Хулоса Кабирию Муҳаммадиқбол ҳамон душманони миллат ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.


Мо кормандони шуба бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки бояд имрўз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *