
Имрӯз боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки таълими ғайриқонунии динӣ яке аз омили асосии даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, бахусус ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асоси паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ вобаста аст. Тибқи таҳлили кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз 90 то 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рўҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Тибқи маълумотҳои мавҷуда танҳо дар давоми солҳои 2019- 2021 дар кишвар беш аз 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ шудааст. Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғариқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкунандагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз ин рақамҳои оморӣ ба хулоса, қайд кардан зарур аст, ки яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.
Хулоса, далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди доғи ҷомеаи имрӯза- терроризму экстремизм муборизаи беамон бурда,ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем .Дар маҳалҳо масъулони деҳа – ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, аҳли диёр дар ҳоле, ки аз чунин кирдори ғайриқонунӣ огоҳи пайдо кунанд, бояд ҳатман пеши роҳи онро гиранд, агар худ натавонанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор созанд. Ҳамчунин масъулони мактабҳо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Агар бинанд, ки талабае чанд муддат ба мактаб намеояд, аз ҳоли ӯ бохабар шаванд. Зеро кӯдакону наврасон фарзандони моянд. Вақте дар ҳуҷраҳо ғайриқонунӣ таълими динӣ мегиранд, аз дарсҳои мактаб канор монда, ҷоҳил мешаванд. Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот ва хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст. Бинобар ин, мо бояд таълимоти ғайриқонунии диниро решакан кунем. Онҳое, ки мехоҳанд таълимоти динӣ гиранд, барояшон аз тарафи давлат тамоми шароитҳо муҳаё аст ва онҳо метавонанд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шаванд. Инчунин, барои ҳалли масъалаҳои динӣ сомонаи расмии Маркази исломӣ фаъолият мекунад, ки ба саволҳои динӣ мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ посухҳои саривақтӣ дода мешавад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем.Мо бояд ба қадри неъмати бебеаҳо – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз саҳми назаррас дошта бошем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ