Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Франсия ба ДИС ДДТТ

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба ДИС ДДТТ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуд. Дар даромадгоҳи бинои асосии Донишкада сафирро устодону донишҷӯён истиқбол намуданд. Директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдурашит Ҷалилзода дар бораи ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳҳои Ҷумҳурии Франсия бо ДИС ДДТТ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Франсия дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле густариш ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Франсия кушода шуд. Франсия яке аз аввалин давлатҳоест, ки ҳанўз соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

Директори Донишкада Абдурашит Ҷалилзода ба нишони эҳтиром ба сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар идома сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба шароити таълиму тарбия, вазъи синфхонаҳои таълимӣ ошно гашта, бо донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони забони таҳсилаш англисӣ оид ба иқтисодиёт, ширкатҳои фаромиллӣ ва иқтидори илмӣ-инноватсионии Франсия мулоқот намуд.

Дар Маркази робитаҳои байналмилалии Донишкада мулоқоти устодон бо сафир баргузор гардид, ки зимни суханронӣ Элза Пинёл оид ба густариш бахшидани робитаҳо дар самти мубодилаи устодону донишҷӯён ба донишгоҳҳои Франсия, коркарди лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкили гӯшаи Ҷумҳурии Франсия дар китобхонаи Донишкада, тақвияти робитаҳо дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои матлуботи Франсия изҳори андеша кард.
Сафири Франсия аз мулоқот бо роҳбарият ва устодони ДИС ДДТТ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки оянда барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *