Конференсияи илмӣ-амалии вилоятии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-амалии вилоятии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва баландбардории сатҳи некўаҳволии халқ”, ки аз санаи 27 апрел то 3 майи соли 2024 идома ёфт, анҷом ёфт.
Дар ҷамъбасти конференсия директори Донишкада, н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории конференсияро хеле муфид арзёбӣ карда, ғолибонро ба дастовардҳои илмӣ табрику таҳният гуфт. Дар оғоз барои фаъолияти пурсамар ва ҷашни мавлуд устоди Донишкада, профессор Комарова Г. Б. бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Сипас барои иштироки фаъолона ва маърузаҳои пурмуҳтаво як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин як зумра устодон бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми кишвар ва раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд. Барои ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва тасдиқи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ як қатор устодон ва донишҷӯён бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки конференсияи илмию амалии “Роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва баландбардории сатҳи некўаҳволии халқ” дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, дар он беш аз 190 маърузаҳои илмии устодон, 200 маърӯзаи донишҷӯён ва 21 маърузаи магистрантон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар назар аст, ки нигоштаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *