
Мо омӯзгорони каферда тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки солҳои охир иддае аз афроди хиёнатпешаву гумроҳон ва нотавонбинони миллат, ба мисоли Тагойзода Беҳруз, аъзои “Гурӯҳи 24” ва Муҳаммадиқболи Садриддин, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ то ҳол ба худ хулосае набароварда, боз бо роҳнамоии роҳбарияту хоҷагони хориҷиашон дар ҳар гӯшаву канори дунё, тавассути шабакаҳои ичтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонашон аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд. Асосон зимни баромадашон такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд. Аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Бояд қайд кард, ки имрӯз дар симои роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ, ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин, думраваш Беҳрӯзи Тағойзода, аъзои “Гурўҳи 24” ва як зумра сиёҳкорон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Масалан оид ба баромади навбатии Беҳруз Тағойзода, ки санаи 16 сентябри соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум“ ибрози андеша намуд. Чун солҳои қаблӣ Б.Тағойзода дар барномаҳои навбатиаш дастовардҳои беназири Тоҷикистони азизро нодида гирифта, беасос нисбати роҳбарити олии Ҳукумати кишвар туҳмату ғайбат намуд. Ҳол он, ки ин бадхоҳи миллат оид ба масоили сиёсӣ хеле дур аст ва умуман сарфаҳм намеравад, аз ҳарчи ба даҳонаш ояд сафсатагӯӣ менамояд.
Хулоса имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думраваш “Гурўҳи 24”-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.
Мо омўзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ оид ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.