БАДОИНИ ИФРОТӢ – ҒАФЛАТАНДЕШИ ҶОҲИЛ

Мо тавассути расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки солҳои охир раҳбарияту аъзоёни  ТТЭ ҲНИ  ва думраваш Беҳрӯзи Тағойзода, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ дар кишварҳои Аврупо маскан гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои  ифротиашон пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Бояд зикр кард, ки аслу ҳaдaфи бадоини ифротӣ – ғафлатандеши ҷоҳил aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд. Бояд қайд кард, ки Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Беҳрузи Тағойзода ҳамон афроде ҳастанд, ки ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти ҳаммаслакону пайравонаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Иғвогариашон ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад.  Ба ин нешзаниҳои бадоини ифротӣ хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида истодааст. Имруз Кабирӣ ва думраваш Беҳрӯз фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд.  Ин тӯдаи ғафлатандешони ҷоҳил бегонапарастӣ намуда, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Ин бадоини ифротӣ барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд. Онҳо медонанд, ки имрӯз аксарияати мардуми кишвар, махсусан муҳоҷирону ҷавонони даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод. Умуман авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин ҳизбу гурӯҳҳоро гирем. Бояд ёдовар шуд, ки мардуми кишварамон солҳои 90-уми асри гузашта рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк мекунанд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

                                       Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *