Тафриқаандозӣ бас аст!

Ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо ва раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) суханронӣ кард. Вай вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар аҳди коронавирус вахим арзёбӣ намуд ва аз ҷараёни интихоботи президентии ин кишвар интиқод кард. Аммо мо ба ин андешаҳои М. Кабирӣ розӣ шуда наметавонем.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Бо назардошти руйдодҳои солхои охир оид ба масоили вазъи сиёсии чахони имрӯзаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, кайд кардан бамаврид аст, ки бештар амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзоёни Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом (ҲНИ) ба  назар мерасанд. Тарафдорони ин ҳизби мамнӯъшуда зимни фаъолияти қаблиашон худро ба Ислом мепайвастанд, аз номи Ислом ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини Ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Вокеан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.

Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад. Имрӯзҳо  беш аз  сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва  таҳдиду хатарҳои глобалӣ  ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Фаъолияти ғаразноки ҳизби мазкур аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тундрав шомил шуданд. Бо даъвати худ онҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд, ки дар натиҷа садҳо кӯдакон бепадару модар монда, ҳазорон оиларо аз байн рабуданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати онлайн дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико гуфт, номзадҳо ва барандаи интихоботи моҳи октябр дар Тоҷикистон аз пеш маълум аст, вале ба қавли ӯ рӯшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа ба худ чанд дарсади овози интихобкунандаҳоро ихтисос хоҳад дод.

Бале, имрӯз мардум ба Пешвои миллат ва ояндаи дурахшони кишвар боварии комил доранд ва мардуми тоҷик дигар фирефтаи афкори бадхоҳони миллат намегарданд.

Қобилов И.,

Раҷабов Р.,

Иброҳимов И.,

устодони ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *