Дар толори маҷлисгоҳи ДИС ДДТТ қисми 4 ва 5-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд. Беш аз 2600 нафар донишҷӯёну устодон дар ду баст филмро тамошо карда истодаанд.
Дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.
Рафтору кирдори пайравони ТТЭ ҲН, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанўз ҳам дар хориҷ аз кишвар ба хотири манфиати худу пиёда намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зўроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъи исбот гардидааст. Қисмҳои пешни филми мазкур низ дар дарсҳои тарбиявиву соатҳои кураторӣ ба таври васеъ мавриди намоиш қарор гирифта буд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки қисми 5-уми филми мазкур дар синфхонаҳои алоҳидаву толорҳои факултетҳои донишгоҳ дар соатҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шавад.