Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати Рӯзи Модар

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо занону бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, барору муваффақиятҳо дар фаъолияти меҳнатӣ таманно менамоям. Таҷлил гирифтани Рӯзи Модар нишони арҷгузорӣ ба номи мубораки Зан-Модар, ба офарандаи ҳаёт дар рӯи замин аст. Воқеан, зан сарчашмаи зиндагӣ, асоси хушбахтӣ, тимсоли зебоию шукуфоии ҳаёт буда, офаридаи нотакрор аст. Донишмандону суханварони адабиёти форс дар қарнҳои мухталиф бар он муваффақ шудаанд, ки ғановати маънавӣ, зоҳиру ботин ва хислату сифоти занонро дар осори бадеии хеш ба тасвир оваранд ва дар ин мавзӯъ силсилаи симоҳои ҷовидонае офаранд.
Имрӯз занону бонувон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат бархурдор гардида дар ҳамаи соҳаҳо бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа» аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсоз дар ҳаёту фаъолияти бонувон аст, ки ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузург бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Бори дигар кулли занону бонувонро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон зебоию муваффақият, комёбӣ ва амалишавии орзую ниятҳои некашонро таманно менамоям.
Рӯзи Модар муборак бод, модарону бонувони арҷманд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *