НИСБАТИ ҶИНОЯТКОРОН ЧОРАҲОИ ҚАТЪӢ БОЯД АНДЕШИД!

Ҳамагон тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастанд, ки моҳҳои охири соли равон аз ҷониби шоҳидони ҳол, аз ҷумла зимни муроҷиати Наврӯзов Лутфулло, сардори маорифи ВМКБ ва бо тавбаи як ҷинояткор Амриддин Аловаотшоев амалҳои қалбии содирнамудаи як фарди ҷиноятпеша бо номи Мамадбоқир Мамадбоқиров ошкору тасдиқи худро ёфт. Вале, Мамадбоқир аз ин баромадҳои шахсони дар боло зикршуда, то ҳол хулосабарорӣ накардааст ва имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар навори видеоӣ, андешаҳои бемантиқу сафсата ва беасос иброз дошта, худро“бегуноҳ” мешуморад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пушида намешавад ва вақт довар аст, ки имрӯз сокинони Бадахшон аз ҳама амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткору тоҷирони нашъаманд ва ғайраҳо бохабаранд ва аз онҳо безор ҳастанд. Маълум аст, ки Мамадбоқир ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бо дарназардошти масоили матраҳгардида ба хулосае омада қайд кардан зарур аст, ки имрӯз Мамадбоқир бо суханҳои бедалели бемантиқи сафедкуниаш байни мардуми тоҷик тафриқа андохта, худро мусичаи бегуноҳ мешуморад. Хонандаи закӣ қазоват кунед ва хулоса бароред! Шояд аз паси Мамадбоқир Мамадбоқиров барин инсонҳо боз касони дигар низ бошанд, ки онҳоро сарпаноҳӣ мекунанд. Ба мисли Муҳиддин Кабирӣ барин инсонҳо, ки бар ивази амалҳои нопокашон нисбати мардуми тоҷик аз ҳисоби фармондеҳи хоҷагони хориҷа кисаашонро пур мекунанд. Пас мебояд, ки нисбати амалҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров бояд чораҳои қатъӣ анедешид. Ҳамаи ҷиноятҳои Мамадбоқир сазовори ҷазост ва бояд ӯ ҷазои сазоворро гирад.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *