Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, дар ин рӯзҳои хуҷаставу фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар мамлакат ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди рӯзи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ баъди интихоб гардиданашон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд, ки: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент Шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард”.
Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд.
Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.
Хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадр карда шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот дар кишварамон мебошанд. Бо шарофати заҳмату шабзиндадориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон мо имрӯз ба як ҳаёти осоишта ва зиндагии серу пур расидем. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар бирасем, сиёсати созанда ва бунёдкоронаашонро аз дилу ҷон дастгирӣ намоем ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.
Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишкада, бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ва сокинони сарбаланди Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди баргузори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *