ҶАВОНОНИ БОМАЪРИФАТ БАРОИ ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ҚОДИРАНД!

Солҳои охир, бахусус раҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслаконаш ва инчунин аъзои гуруҳҳои ифрортӣ, аз қабили Гурӯҳи -24 таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники) ва дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ бо истифода аз қишри ҷавонони камсаводу бекор, дорои маърифати пасти динию дуняви дошта, заифирода, муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доштаро бо роҳи фиреб ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳиёнаткорӣ пеша намудан кӯшиш доранд. Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон Кабирӣ ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори танҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафашон маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо огаҳем. Хоҷат ба баён нест!
Баробари ин бояд қайд кард: мо шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки вазъи кунунии Афғонистон нигаронкунанда аст! Ҳаракати “Толибон ” ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи кишвари ҳамсояи моро имрӯз нисбатан душвору пурҳассос кардааст. Ба ғайр аз ин баъди амалиётҳои зидитерраристӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гуруҳои алоҳидаи экстримистиву террористӣ ба Афғонистон омада. қаламрави онро ба майдони терроризми байналмиллалӣ табдил доданд. Дар асоси расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки тарафдорони ҳаракати “Толибон”, алҳол ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст.Баробари ин дар давоми се моҳи охири соли ҷорӣ дар ин кишвар зуд-зуд содир шудани амалҳои террористӣ ба назар мерасанд. Чунончӣ санаи 3 октябри соли равон дар масҷиди Идгоҳи Кобул, 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин кишвар, санаи 15 октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки Кабирию думравонаш зимни баромадҳошон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда истодаанд. Кабирию ҳаммаслаконаш бо ин бозиҳои сиёсӣ барои амалӣ намудани супориши навбатии ҳоҷагонаш, яъне аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар кӯшиши беҳуда дорад. Ин хоинони давлату миллатро бояд хотиррасон кард, ки Сарвари кишварамон дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ аввалинҳо шуда оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Роҳбари давлатамон ба таври возеҳ иброз доштанд, ки дар Афғонистон бояд Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ташкил карда шавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла тоҷикон ширкат дошта бошанд. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст.
Хулоса бо назардошти масъалаи матраҳгардида баён медорем, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мо соли равон 30-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем.
Дар интиҳои мақолаи хеш қайд менамоем, ки мо минбаъд низ баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд!

Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *