ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Яке аз санадҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.
Ҳар чӣ қадар солҳо гузаранд ҳам, аҳмияти бузурги ин Иҷлосияи тақдирсоз, ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мегардад. Дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва бӯҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ даъват карда шуд, ки ин ягона иқдоми оқилона буд.
Иҷлосияи таърихии фавқулодаи 16 Шӯрои Олӣ, дар қасри маданияти хеле бошукӯҳу боҳашамат, колхози овозадори ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, деҳқони номдор Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия бидуни вакилони халқ боз намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, меҳмони фахрии Иҷлосия, намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигарон ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки як воқеаи муҳиме, ки дар оғози ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи Раиси Шўрои Олии ҶТ интихоб шудани вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.
Дар ҳамон рӯзи 19 ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бо сухани кӯтоҳ, вале пурмӯҳтавои барномавӣ баромад карда, чунин изҳор намуданд: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам ояд , дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам, то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам”. “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”.
Инчунин зимни баромади хеш Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ суханронӣ намуда, вазъи ҷумҳуриро ҳалокатовар маънидод карда ва мухолифинро даъват намуданд, ки ба ҷанги бемаънии хунрез хотима бахшида, Ватан аз вартаи ҳалокат наҷот дода шавад. Дар Иҷлосияи мазкур ба хотири зудтар қатъ гардонидани хунрезии байни бародарон ва истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, як силсила қарору қонунҳои муҳими тақдирсоз қабул карда шуданд. Аз ҷумла, дар Иҷлосия ҳукумати нави Тоҷикистонро созмон дода шуд ва Раёсати нави Шӯрои Олии Ҷумҳуриро интихоб намуд, яъне Низоми Конститутсиониро барқарор намуд. Дар қатори дигар масъалаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи гурезагон”, Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”, Қонуни ҶТ “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии ҶТ эълон кардани 26 ноябри соли 1992”, Қонунҳои ҶТ дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони ҶТ аз ҷониби вакилони мардумӣ мавриди барррасӣ гардида, қабул гардиданд. Ҳамин тавр, Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ба ташкили давлату Ҳукумати нави қонунии Тоҷикистон асос гузошт. Воқеан Иҷлосияи фаромӯшнашавандаи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дар ҳақиқат Иҷлосияи таърихӣ буд, чунки дар ҳамин Иҷлосия тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал шуд. Ба туфайли Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии ҶТ дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод. Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ бомасъулият ва дурандешона амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, ки вобаста ба Иҷлосияи сарнавиштсоз сухнронӣ карда буданд, ёдовар шуда, иқтибоси зеринро меоварем: “Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимои ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд”.
Хуллас, Иҷлосияи 16 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар машҳур аст, ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи насли оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

МИРБОБОЕВА Т.Х.,
н.и.т, дотсенти
кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *