Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин рӯзҳои хотирмон бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, комёбӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд. Ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст».

Конститутсия ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор ва асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дар бар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ барои ташкили низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ имконият фароҳам оварда, заминаи устувори рушди давлат, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ гардид.

Дар ин рӯзи таҷлили солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо тани офият, дастовардҳои беназир ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдати пойдор, рушди устувор ва ободию шукуфоӣ таманно менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *