ҲОЛО ЗАМОНИ СОЗИШ БО ТОЛИБОН НЕСТ!

Имрӯз бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Дар ҳоле, ки ба назар мерасад бинобар наёфтани пуштибонӣ қавие дар хориҷ мавқеъи ҷабҳаи муқовимат заъифтар мешавад, ба назари мо ҳоло замоне нест, ки бо ҳаракти “Толибон” созиш қатъӣ бишавад. Ворид шудан аз мавқеъи заъиф дар гуфтугӯ одатан ба фурӯ бурда шудан аз тарафи қавӣ тамом мешавад, ҳатто агар дар аввал мавқеъияте ба даст оварда шавад. Харакати “Толибон” ҳоло бо бузургтарин чолиш рӯ ба рӯянд ва агар таҳаввулоти ҷиддиву оҷиле сурат нагирад, чанд моҳ ё соле пас мавқеъашон бисёр заъиф хоҳад шуд, ки дар натиҷа худашон ба ҳукумати ҳамашумул бо саҳми хеле камтар аз 75 дарсади мавриди назари Имрон Хон манфиъатдор шаванд. Бо гузашти якчанд моҳҳо, зоҳиран кишварҳои дунё мунтазири ҳамдигаранд, ки чи касе ва ё кадом давлате аввалин шуда ҷуръат мекунад, Толибонро ба расмият шиносанд, ҳарчанд бархе кишварҳо ҳамкориро шурӯъ кардаанд. Чину Покистон, ки ҳаракти “Толибон”-ро дар кӯтоҳзамоне эътирофашон хоҳанд кард, аммо ба назар мерасад ин кишварҳо ҳам кадом нигарониҳое доранд. Аз тарафи дигар ихтилофи дохилии ҳаракти “Толибон” аз худ дарак додааст. Ҳар ихтилофи кӯчак вақти тақсими ҳукумат баъди расидан ба қудрат бузург мешавад. Ҳукумату мансабу сарват бузургтарин фитна барои ҳар гурӯҳе аст, чӣ он гурӯҳ динӣ бошад ё дунявӣ. Ҳар рӯзи номуайянӣ ва адами тасмимҳои қатъӣ, ки ҳоло аз “Толибон” мушоҳида намешавад, ихтилофи дохилии онҳоро афзунтар хоҳад кард. Тибқи расонаҳои хабарӣ беш аз 70 дарсади буҷаи 5-миллиардии Афғонистон аз ҳисоби кӯмакҳои хориҷӣ, асосан Амрико шакл мегирифт. Миқдори Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии 20 миллиардии ин кишвар низ аз ҳисоби кӯмакҳост. Чи кӯмакҳои инсонӣ ва чи кӯмакҳои низомӣ. Бо эътирофи мақомоти Амрико ин кишвар солона барои Афғонистон аз 50 то 100 млрд доллар масраф мекард, ки агар ҳатто 30 дарсади он вориди Афғонистон мешуданд, бештар аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар шаклдиҳии ММД-и Тоҷикистон аст. Қатъи маблағгузории Амрико барои мақомоти низомӣ дар Афғонистон ҳам дуруст мисли ин аст. Толибон метавонанд бидуни ба расмият шинохтани ҳеҷ кишваре ва бо ихтилофоти дохили гурӯҳиву ҷангҳои кӯчаки дохилӣ ҳукумат кунанд, аммо бе пул ҳукумат кардан имкон надорад. Табиист, ки ин кӯмакҳо қатъ шудаанд. Ҳеҷ кишвари ҳомии Толиб ҳозир нахоҳад буд ин кӯмакҳоро ҷуброн кунад. Покистон худ гирифтори бӯҳрон аст, Қатар ба Афғонистон арзиши 4 млрд дар сол қоил нест ва Чин кишваре нест, ки кӯмакҳое ба ин бузургиро ба дӯш гирад. Дар фарҷоми сухан ба андешаи мо Аҳмад Масъуд набояд ҳеҷ кадом аз он гургҳои пирро қабул кунад ва тимашро аз ҳисоби насли нав ва ҷавонони дарсхондаву сарвату ҳукумату фасоднодида бояд ташкил диҳад. Албатта бе ҳузури гургҳои борондидаву пуртаҷриба ин кор мушкил аст, аммо беҳтар аст тим каме дертар ташкил шавад, аз он ки ба он хоине ворид гардад. Вуруди як хоин ба тим метавонад ҳама кӯшишҳоро ба нобудӣ барад. Ҳоло ҷуз Масъуд ҳеҷ кадом аз “импротур”-у “маршал”-ҳо аз тарафи на “Толибон” ва на ҳеҷ кишвари дигаре эътироф намешаванд ва салоҳ нест мурдаҳои кӯҳнаи бӯгирифта дубора зинда карда шаванд. Аммо агар кишварҳо шурӯъ ба эътироф кардани “Толибон” ва ирсоли кӯмакҳо ва барқарории ҳамкориҳо карданд, масъала ранги дигар мегирад!

ЮСУПОВ F.F.,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *