Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омўзгорон, донишҷўён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рўзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рўзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромўшнашаванда қарор дорад. Саҳифаҳои таърих ҷонбозию қаҳрамонии миллати тоҷикро дар ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ дар хотираҳо ҷой додааст, ки барои наслҳои имрўзу фардо сабақомўз аст.
Ҷавонони диловари тоҷик дар солҳои 1941-1945 дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба муқобили фашизм бархоста, рисолати ватандории худро ба ҷо оварда, дар таъмини ғалаба саҳми муносиб доранд. Имрўз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мардуми Тоҷикистон рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо шукўҳу шаҳомати хос истиқбол менамоянд.
Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини шукуфоии Тоҷикистони азиз ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолият ҳидоят менамояд. Пирўзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии дўстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.
Ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунем, ки падарон ва бобоёни мо дар солҳои душвори баъдиҷангӣ меҳнати фидокорона намуда, хоҷагии халқи харобгардидаро барқарор намудаанд. Бо ҷаҳду талошҳои ватандўстонаи собиқадорон ва мардуми мамлакат дар як муддати кўтоҳ харобиҳои ҷанг бартараф карда шуда, Ватан ба ободӣ ва муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Дар назди онҳое, ки на танҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин саҳифаи таърихӣ бояд воситаи хуби таълиму тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии наслҳои оянда ва дар рўҳияи гиромидошти сулҳу салоҳ, меҳанпарастиву инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан бошад. Ҷасорату қаҳрамонӣ, диловарию муҳаббати зиёди онҳо нисбат ба халқу диёр барои мо ва наслҳои минбаъда мактаби бузурги ватандўстӣ аст.
Бори дигар ҳамаи Шумо – устодону донишҷўён ва кормандони донишкадаро ба муносибати Рўзи Ғалаба муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошаду мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.