Ҳамасола санаи 9 сентябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони биҳиштосо яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи соҳибистиқлолии Ватани азизамон таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён – устодону донишҷўёни гиромиқадрро ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Боиси хурсандию сарбаландии миллати тоҷик аст, ки тўли 33 сол аз партави Истиқлол тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шўълаи ҳаётбахши он, рўзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рўзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон равшантару пуршукўҳтар гаштааст. Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар Донишкадаи мо, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, маҳз аз баракати соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвари азизамон пешрафтҳои назаррас ба мушоҳида мерасад.
Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талошҳои созанда менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо ҷашни фархундаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти пурҷабҳаи меҳнатӣ комёбиҳои назаррасро таманно менамоям.
Муборак бод Истиқлоли тоҷик,
Шукўҳу шавкату иқболи тоҷик!