ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба лофзаниҳои навбатии бадхоҳони миллат дар сомонаи ифротии “Ислоҳ. нет”(аз 08 сентябри соли 2024сол)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борҳо нисбат ба як қатор тӯдаи бадхоҳони миллат, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин , ки бо дастгирӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷиаш сомонаи ифротӣ бо номи “ислоҳ.нет”-ро таъсис дода солҳои охир бо ҷалби шогирдону думравонаш, бештар дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, худро ҳамчун “уламои дин, адолатпарвару сиёсатшинос” вонамуд карда, ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодааст ибрози андеша намуд будем.

Вобаста ба лофзаниҳои навбатии М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 8 сентябри соли равон дар барномаи ифротии зикршуда баромад намуданд, сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Бояд қайд кард, ки мо барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро ифротӣ гуфтем, ки он бисёр нисбати масъалаҳои руз зиёдаравӣ намуда, бештари зимни суханрониаш тухми кинву адоват мекорад. Мо қаблан бо санаду далел қайд намуда будем ва боз қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке аз ашхоси бешрафи дурӯя мебошад, ки бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро фурухта, ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, мегўяд. Дар баромади навбатиаш М.Садриддин асосан дар атрофи масоили Истиқлоли кишвари соҳибистиқлоламон сухан карда, онро ба таври худ нодуруст маънидод намуда, баробари ин, оид ба таърихи Федератсияи Россия ва нисбат ба миллат рус беасос ғайбату туҳмат намуда, бо ин васила мардумро ба таҳлука афтонда, ба ошӯб даъват кардан кушиш дорад. Инчунин М.Садриддин ва думраваш Муҳаммад Тағоев, Абдулло ва як зумра афроди лақабдошта, ба мисоли “Ҷагаи Ҷайхунӣ”, “Революсионер” дар бораи истиқлолу ҷиноят ва миллати тоҷик сухан карда, миллати тоҷдору сарбаландамонро таҳқир намуданд ва доир ба таърихи даврони Иттиходи Шуравӣ мисолҳои беасос оварда, оид ба босмачигарӣ, нисбати шахсиятҳои роҳбарияти олии кишварҳо андешаи носолимашонро баён карданд. Ба андешаи мо нисбат ба миллат ва шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан гўяд!

Хулоса, ҳар фарди солимақл аз суханрониҳои бемантиқи Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, аз ҷумла М.Тағоев бо осонӣ пай мебарад, ки ин тудаи бадхоҳони миллат дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаст ва аз бадсириштӣ бар миллату кишварамон дасисабозӣ ва ғайбату иғвогарӣ мекунанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози бешарафи иғвогар ва пайравонаш барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!
Воқеан, таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна мољароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *