ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА ҒАЙР АЗ БУҲТОНОМЕЗӢ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД!

Аз мутолиаи маводи таҳлилӣ, аз ҷумла вебсайти байналмилалии интернетӣ хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки аз солҳои охир ду се афроди мухолифини фирорӣ, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби шогирдону ҳаммаслаконаш мисли як зоғи сиёҳ мутазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, одамонро ба иғво андохта, ба ҳар хел ҳаракатҳои зидди конститусионӣ ташвиқу тарғибот менамояд.

Бояд қайд кард, ки дар баробари ошкор шудани симои аслии М.Садриддин мардуми кишварамон ва берун аз он ўро хамчун як нафари хоин, ватанфурўш, беимон ва нокаси бешараф мешиносанд. Имрўз М.САдриддин аз хориҷа истода, бештар тавассуту сомонаи “Ислоҳ.нет, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” фаъолияти муғризонаи иғвогариро пеша намуда, бо ин васила обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан кўшиш дорад.

Хушбахтона, ин қабил афроди бешараф ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономезӣ дигар коре надоранд. Хулоса, мақсади хоинони миллат аён аст, алалхусус Муҳиддин Кабирӣ, М.Садриддин  ва ҳамммаслакону думравонашон  ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст.Умуман, ҳама гуна даъвоҳои  фирориёни наҳзат ва пайравонаш дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Бинобар ин, нагузорем, ки хиёнаткори халқу ватан – М.Садриддини бешараф, думравонаш, аз ҷумла Ҳусейн Ашуров, хуллас раҳбарияту ҳаммаслакону думравони  паймони худсохтаи наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон мо сухан гӯянд.

Дар интиҳои андешаи хеш хоинони миллатро хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рўз аз рўз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Д.ШАРИПОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *