Агар садсола гардам ҳам фаромўшаш нахоҳам кард,
Ҳамон шахси азизеро, ки равшан пеши роҳам кард.
Дар тамоми давру замон қимати инсонҳои соҳибхираду соҳибэҳтиром ҳамеша мадди назари инсоният қарор дорад. Инсони оқилу соҳибмаърифат бо гуфтору пиндору рафтори хеш баҳри солимии ҷомеа пайваста кўшиш менамояд, то донаи мақсуд бичинад.
Имрӯз устоди муҳтарам Аминов Иномҷон ба синни мубораки 60 расиданд. Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ин марди донишмандро ба муносибати ҷашни милоди умри бобаракаташон самимона муборакбод намуда, таманнои онро менамоянд, ки дар кору рӯзгор ва фаъолияташон дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша саҳмгузор бошанд ва чун роҳбар ва омўзгори варзида намунаи ибрати дигарон бошанд. Аз ин лиҳоз, олими шинохтаи соҳаи иқтисод Иномҷон Аминовро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба эшон сиҳатмандии комил, сарфарозию некномӣ, пирӯзиҳои ҳаёт ва дар фаъолияти меҳнатию эҷодӣ барору комёбиҳои бештару нав ба нав таманно намуда, аз забони шоир гуфтанием:
Қимати мард на ба симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Бо эҳтиром ва самимияти бепоён:
Аҳли профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён
ва кормандони ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд.