Бахор. Чи фасли муборакест! Оғози чи як пурҷӯшу пуртӯғёни табиат ва ибтидои бедории мавҷудоти олам…. Дар васфи баҳор чи гуфтанду ва боз чи ногуфтаниҳоест… Сарчашмаи ишқу зебоӣ, меҳру вафо, сидқу сафои оламиён з-ин аруси сол аст.
Чи хушо Рӯдакӣ гуфта:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Воқеан, баҳор ороиши аҷибе дорад, табиат гӯё қабои арҷанг ба бар карда бошад, мурғони само гӯӣ зи қафаси садсолаҳои асирӣ бурун ҷаста бошанд, беқарору нағмасароанд.
Гулғунча шукуфон шуд,
Себарга фаровон шуд.
Бас қумрӣ навохон шуд,
Айёми баҳор омад.
Дар ин фасл миллати фарзонаи тоҷик тӯй дорад, оре, тӯй! Таҷлили рӯзи модарон дар 8-март, гиромидошти оини ниёгон-Наврӯзи Аҷам, пазироии даҳаи ҷавонӣ дар моҳи май, арҷгузории Рӯзи Ғалаба, пешвозгирии рӯзи меҳнаткашони олам ҳама аз баракоти баҳори нозанинанд. Марди шарафманди деҳқон бо умеди суботи рӯзгор ва дастурхони пурнозу неъмати тоҷик камари ҳиммат мебандад, то аз қаъри замини муқаддаси Ватан гавҳар рӯёнад. Бо ин ормон ӯ низ шукронаи баҳор мекунад. Оре, баҳоро, хуш омадӣ, эй фасли фаррухпай!
Оғози баҳор ва рӯзи модарон, Наврӯзи фархундафар ва Баҳори нозанин муборак бод!!!
Эй мутриби барбатзан!
Ту панҷа ба барбат зан!
Сӣ лаҳн ба навбат зан!
Айёми Баҳор омад!