АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗУ ТАФРИҚААНГЕЗИ ТТЭ ҲНИ АЁН АСТ!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи имрӯза дар раванди афзоиши ихтилофу зиддиятҳои гуногуни милливу мазҳабӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракат, созмону гуруҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасанд. Масалан роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш берун аз Тоҷикистон бо дастгирию сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна бӯҳтон ва танқидҳои беасос нисбати кишварамон ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Баробари ин,  ТТЭ ҲНИ ва думравонаш  Гурӯҳи 24  ҳамкориро бо ДИИШ ба роҳ монда, бо ҳар роҳ ҷавноне, ки берун аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ  қарор доранд, гумроҳ  менамоянд ва дар натиҷа  онҳо ҷиноят содир менамоянд. Дар иртибот ба ин  мисол меоварем, ки бархе ҷавонони роҳгумзада моҳи июни соли сипаригардида дар яке аз шаҳрҳои Федерасияи Россия,  даст ба ҷиноят задаанд. Рафти тафтишон нишон додааст, ки ду нафар шаҳрвандони кишвари мо бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани амалҳои террерористӣ  омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишвар саривақт дастгир карда шуданд. Дар рафти амалиёт як нафар аъзои ДИИШ безарар гардонида, аз дигаре  якчанд яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда мусодира карда шуданд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонон даст ба чунин амали паст даст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан, дигаронро ба қатл мерасонанд. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву террористии ДИИШ, Ал-Қоида ва амсоли ин гуруҳ- ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум мекунанд.

         Хулоса мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини Исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омӯзонанд. Ислом динӣ дустию рафоқат аст, на дини ҷангу ҷидолу хунрезӣ!

 

НИЁЗОВ Ҷ. С.,

мудири кафедраи 

менеҷмент ва маркетинг

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *