“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандўсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо истифода, аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоёнро аз номи раёсати ДИС ДДТТ ва шахсан худам ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва ҷавонони худшиносу худогоҳ барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш дар Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармудаанд:
“Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Дар шароити ҳозираи ҷаҳони имрӯз ва муборизаи давлатҳои абарқудрат баҳри манфиатҳои хеш мо бояд ҳама якдилу якҷон дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Воқеан Сарвари кишвар борҳо аз минбарҳои баланд таъкид менамоянд, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандўстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.
Имрӯз дар Донишкада бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” баргузор мегардад, ки ман шахсан ба кори конфронс барору комёбиҳо таманно менамоям.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо ин таманниёти нек, бори дигар ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо – устодону донишҷӯёни гиромиқадр табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати рӯзгор ва хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.
Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бод!