Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар Маркази омӯзиши забонҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Неъмате беҳтар аз Истиқлол нест” баргузор гардид. Мизи мудавварро муовини директор оид ба илм ва рушди инноватсия, номзади илми иқтисод, дотсент Далер Мирпочоев ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба ин санаи фархунда табрику таҳният гуфт.
Баъдан тибқи барнома профессори кафедраи ҷомеашиносӣ Р. Солиҷонов дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои устувор намудани рукнҳои сиёсии давлати соҳибистиқлол”, мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Г. Аҳророва оид ба масоили рушди забон дар замони истиқлолияти давлатӣ, муовини декан оид ба илм, дотснт С. Бобоев перомуни мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ дар масири таърих”, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Ф. Турсунов оид ба тамоюли ҷаҳонишави фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин гузориши муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ А. Ибодуллоев оид ба пешрафти иқтисодии кишвар, муаллими калон С. Гулмурод перомуни тавсеаи соҳаи варзиш дар замони соҳибистиқлолӣ ва гузориши донишҷӯи соли аввали ихтисоси мақомоти идораи давлатӣ Н. Шарипова оид ба рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шунида шуданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар байни ҳам мубодилаи афкор намуда, таъкид намуданд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳост ва бояд ҳар як фарди ватандӯст ва худогоҳ барои ҳифзи ормон ва арзишҳои миллӣ саъю талош намояд.
Ҳамчунин дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳаррири бахши табъу нашри донишкада Дилафрӯз Ҳомидова ба узвияти ИЖТ пазируфта шуд. Муовини раиси созмони вилоятии ИЖТ, адиб ва рӯзноманигори хушсалиқа Карими Шариф ба Дилафрӯз Ҳомидова китобчаи аъзогӣ ба ИЖТ-ро тақдим намуда, дар корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамчунин директори донишкада Олимӣ Р. Л. низ ин дастоварди арзандаро ба Д. Ҳомидова таҳният гуфта, баҳри иҷрои рисолати рӯзноманигорӣ ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.