ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпоччоев Д. ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуд.

Сипас, муаллими калони кафедраи ҷомешиносӣ Ф. Ҳошимов дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба нақши сазовори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат бо далелу арқоми мустанад, андешаронӣ намуд.

Баъдан, мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Беҳрӯз Олимҷонов суханронӣ намуда, саҳми арзандаю беназири Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дастгириву ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, рушди ҳамаҷонибаи онҳо, хусусан дар самти аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва улуми муосир, таъкид намуд.

Устоди кафедраи назарияи иқтисоди факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии донишкада Фарҳод Раҳмонов маърӯзаи илмӣ намуда, оид ба дастовардҳои иқтисодӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи соҳаи саноату иқтисоди миллӣ андешаҳои муфиди илмӣ баён намуд.

Дар фарҷоми конференсия аз ҷониби донишҷӯёну магистрантони донишкада бахшида ба Истиқлоли давлатӣ шеъру сурудҳои дилпазир иҷро гардида, саҳнаҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуданд.

Ҳамин тавр, конференсия дар фазои идонаву муҳокимапардозии муфид вобаста ба арзишмандтарин ҷашни миллату давлати мо-Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *