Табрикоти директори ДИС ДДТТ ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нурест ба дидагони мо Истиқлол!

 

Табрикоти директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Р. Л. ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.

     Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,

  Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол!

 

Мо дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо истифода, аз фурсати муносиб аз номи раёсати ДИС ДДТТ ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ ҳамаи Шумоён – ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромиқадрро табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва ҷавонони худшиносу худогоҳ барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.

Истиқлолият соҳаи маорифи кишварро ба зинаҳои баланд баровард ва ба манзалату мақоми шоиста ёфтани он мусоидат кард.  Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият – омода намудани мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт.  Ба ин васила, донишкада ҳамчун самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим, таъмини дурнамои рушди устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 2-уми ноябри соли 2017, №5666, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Дар донишкада 232 нафар профессорону омӯзгорон фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд, ки аз ҷумла 7 нафар докторони илм, профессорон, 3 нафар номзадҳои илм профессор, 58 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 70 нафар муаллимони калон ва 94 нафар ассистентҳо мебошанд.

Таҳсил дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, дар ду баст ташкил карда шудааст.

Базаи моддию техникӣ дар сатҳи лозима қарор дошта, аз ҷумла 606 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 20 адад телевизор, 18 адад экран барои проектор; 103 адад проектор, 33 адад тахтаи электронӣ, 134 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаро соли ҷорӣ 635 нафар хатм намуданд, ки аз он 585 нафар дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона сазовори дипломи бакалавр, аз ҷумла 13 нафар бо дипломи аъло сазовор гаштанд.

Дар шуъбаи магистратура 22 нафар, аз ҷумла 2 нафар сазовори дипломи аъло гашта, дар баробари ин дар донишкада 22 нафар ба дипломи мутахассис мушарраф гаштанд.

Дар солҳои  2019-2020 16 нафар омузгорон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар устод рисолаи доктори хешро бо муваффақият ҳимоя намуданд. Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монанд.

Имсол тавассути Маркази миллии тестӣ наздики 10 ҳазор нафар донишкадаи моро интихоб намуданд ва аз ин теъдод баъди маълум гаштани натиҷаҳои имтиҳон ва тақсимот аз тарафи ММТ 937 нафар дар тақсимоти аввал донишкадаи моро интихоб намуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин мебошад.

Дар шароити кунунӣ мо бояд ҳама якдилу якҷон дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Пешвои муаззами миллат борҳо аз минбарҳои баланд таъкид менамоянд, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем Истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бо ин таманниёти нек, бори дигар ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати рӯзгор ва хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *