Озмуни вилоятии “Бизнес-лоиҳаҳои беҳтарин” дар ДИС ДДТТ ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси Раёсати ДИС ДДТТ ва дастгирии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳамбастагии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкориии Тоҷикистон” озмуни вилоятии «Бизнес-лоиҳаҳои беҳтарин” дар доираи лоиҳаи “Стартап Чойхона XIII» баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани озмун ташаккули афкори иқтисодиву соҳибкорӣ, тақвияти эҷодкориву салоҳиятнокии донишҷӯён дар тартиб додани бизнес-нақшаҳо, муаррифии он барои ҷалби сармоягузорӣ ва амалӣ намудани онҳо мебошад.

Барои доварии озмуни мазкур соҳибкорону мутахассисони варзидаи вилояти Суғд:   Илҳом Сангин – директори генералии ширкати сохтмонии “Равзана”, Исомаддинов Сайидамон – роҳбари гурӯҳи ширкати бисёрсоҳавии “АМИД”, Содиқова Шоира – директори генералии ҶСП Бонки “Арванд” даъват карда шуданд.

Барои иштирок дар озмун аз 30 лоиҳаҳои аз тарафи муҳассилини донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Суғд пешнищод шуда, 17 лоиҳаи беҳтарин аз тарафи комиссияи махсуси Барномаи минтақавии рушди Созмони Миллали Муттаҳид интихоб карда шуд. Дар рафти озмун ҳар як донишҷӯ бизнес-нақшаи худро муаррифӣ карда, ба суолҳои аъзоёни ҳакамон ҷавоб гуфтанд.

Директори генералии ширкати истеҳсолии “Хубҷамъ Инвест” Илҳом Рабиев ба кулли иштирокчиёни озмун ҳадяҳои хотирмон тақдим карда, зимни суханронӣ ба донишҷӯён муроҷиат намуд, ки танҳо бо дониши амиқ, саъю кӯшиши комил ва меҳнати ҳалол ба қуллаҳои баланди соҳибкорӣ ноил гаштан мумкин аст.

Бояд  қайд кард, ки аз 17 бизнес-лоиҳаҳо 3 адад беҳтаринашон аз тарафи доварон муайян карда шуданд, ки 2 нафарашон донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ – Каримова Ганҷина донишҷӯи курси 2-юм, Шарифов Муҳаммадфарид –донишҷӯи курси 3-юми забони таҳсили англисӣ мебошанд. Бо дастгирии молиявии Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ба 3 нафар ғолибони озмун  ноутбукҳои ҳозиразамон ҳадя карда шуда ва ба  боқимонда иштирокчиёни озмун аз тарафи ширкати МЕГАФОН тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

Ҳамчунин, роҳбари гурӯҳи ширкатҳои “АМИД” Исомаддинов Сайидамон ба ҳар як иштирокчии озмун 100 сомонӣ мукофотпулӣ супорида, ба донишҷӯёне, ки вобаста ба бизнес-лоиҳаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли панир, фуруши доруворӣ муаррифӣ омода намуда буданд барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳояшон маслиҳатҳои муфид дода, кӯмаки амалии худро пешниҳод кард.

Озмунро роҳбари дафтари минтақавии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид Мақсуд Орипов ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки озмун дар сатҳи хело хуб ташкил ва гузаронида шуда, барои наздик шудани илм бо истеҳсолот, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Раёсати ДИС ДДТТ ба дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар шахсияти Мақсуд Орипов, директори генералии ширкати сохтмонии “Равзана” – Илҳом Сангин, роҳбари ширкати бисёрсоҳавии “АМИД” -Сайидамон Исомаддинов, директори генералии ҶСП Бонки “Арванд” – Шоира Содиқова, роҳбари муассисаи давлатии ““Ташаккул ва рушди соҳибкориии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд – Дилшод Холматов, Роҳбари ширкати “Хубҷамъ Инвест” Илҳомҷон Рабиев ва ҳамаи иштирокчиён барои ташкилу ҳамкории судманд дар баргузории озмун изҳори сипос менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *