Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Аммо дар тафаккури доираи муайяни муҳаққиқни кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сачашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Президенти кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудаааст. – « Гузашта аз ин, ки имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифонадар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифродгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест.Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гутугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».

Дар оғози давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёси – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ном дошт. Оғози фаъолияти ин ҳизб мақсад якто яъне ба сари қудрат омадан ва ба ҳокимият соҳиб шудан буд. Аъзоёни ин ҳизб ба тарафдории ҳизб мехостанд бо роҳи куштору хунрези ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Дар оғоз амалу харакатҳои эшон аз амалҳои терористии асри XX1 ягон тафовуте надошт. Ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон доимо кушиш мекард бо роҳи мусолиҳаи сулҳу дӯсти даъват карда бошад, мутаассифона аъзоёни ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манфиати худро аз манфиати давлат, ҷомеа ва Ватан боло дониста доимо вазъиятро ноором месохтанд, ки ин боиси тафриқаандозӣ ва коста гардидани идеалогияи ватандӯстии ҷомеа ва давлати ҷавони Тоҷикистони азиз мегардид. Чунончи Низомии бузург мегӯяд

Ситам бар мазҳаби давлат раво нест,

Ки давлат бар ситамгар ошно нест.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсиони ва барпо намудани Ҷуҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Бояд гуфт, ки дини Ислом пайравонашро ба сулҳу ваҳдат, ватандӯсти, дӯстиву рафоқат  ва зиндагии шоиставу осоишта даъват менамоянд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягон робитае ба дини ислом надошт, баръакс ҳамаи корҳояшон муқобили китоби мукаддаси мусулмонон «Куръони Карим» буд.

Боиси хушнудист, ки максаду мароми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мо ба зуди равшан гардид. Ин ҳизб худ як ҳизби терористи буда бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи терористӣ аз байн бурд. Хушбахтона бо кордониву фаъолияти шабанарӯзии кормандони амнияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии давлатӣ паҳлуҳои нав ба нави ҷиноятҳои вазнини ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор гардида истодааст.

Хушбахтона 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда хизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда фаъолияташ дар тамоми қаламрави кишвари мо барҳам дода шуд.

Дар ҳақиқат имрӯз ҷомеа воқеан дарк намуд, ки ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. ин ҳизб бо маблағгузориҳои хориҷиён мехост сохтори давлати конститутсиониро вайрон намояд. Вале ҳоло ҳам аз бас, ки маблағҳои хориҷиёнро истифода намуд, ҳоло ҳам дар ҳаққи Тоҷикистони азизамон суханҳои танқидӣ ва беасос, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд гуфта истодааст. Хушбахтона ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз ин падидаи номатлуби ҷомеаро аз меҳани азизамон фирор намуданд, ки ҳоло давлат пазироиашон намекунанд.

Муаллими калони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ

                                      Ниёзов Ҷамолиддин

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *