Чун ҳамасола дар кишвар якуми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ботантана бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Ин навбат Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара оғоз гардид, ки мо онро тавассути телевизиони сатҳи ҷумҳуриявӣ тамошо кардем. Воқеан, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Оид ба аҳамияти таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, бояд қайд кард, ки таваҷҷуҳ ба сулҳу оромӣ дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки оид ба моҳияти сулҳу суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон бори дигар андеша кунем.
Зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид. Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад. Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад. Дар шароити кунунӣ, ки раванди сиёсигардонии дини мубини Ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст. Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад. Дар ин раванд, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад. Зеро дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд. Бояд ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандон худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем.
Бояд зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мукаммал намудани шароити таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои илмомӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина садҳо иншооти наву замонавии соҳа дар тамоми гушаву канори мамлакат бунёд карда шудааст. Баргузории дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мамалакат таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард, зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав наметавон ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуд ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намуд. Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад.
Дар интиҳои андешаи хеш бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Ба азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди пешвои маҳбуби мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Истиқлолияти муқаддаси мо ва ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тақвият ёфта, кишвари азизамон рўз аз рўз рушди тоза меёбад.
САМАДОВА М.М.,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ.