Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб рафта, нишонаи олии соҳибихтиёру соҳибдавлат гаштани ҳар як давлату миллат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар давлат кӯшиш менамояд, ки ин дастоварди бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва симои мусбии худро бо ҳадафу нақшаҳои бунёдкоронаи худ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Вобаста ба ин, мехостам хотиррасон намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар чунин вазъи ниҳоят пурҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони ҳамон вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нестӣ ва парокандӣ эмин намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштан, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии кишвари мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Маҳз кушишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки корвони сулҳи тоҷикон 27-уми июни соли 1997 баъд аз панҷ соли муқовимати мусаллаҳона ба манзили мурод расад ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба анҷом расид. Ҳоло таҷрибаи сулҳофари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки дар он солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барқарор намудани муносибатҳои хориҷӣ ва шинос намудани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ба ҳисоб мерафт. Барои анҷоми ин рисолати муҳим, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои нек, давлати моро ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Маҳз дар ҳамин асос, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони кишвар 29 сентябрро “Рӯзи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кард.
Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва кишвари мо дар заминаи ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дастёбӣ ба чунин дастовард дар охири соли 2002 дар натиҷаи бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» муяссар гашт. Бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаҳон боз ҳам рушд ёфта, ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз карда шуд, ки ин сиёсат то имрӯз бомуваффақият идома дорад.
Вобаста ба ин, мехостам Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 23 декабри соли 2022 таъкид намоям: “Давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”.
Маҳз ба ҳамин хотир, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ мондааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон, алалхусус ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва иқлим дастгирии худро ёфтаанд. Аз ҷумла:
1. «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»;
2. Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015»;
3. «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»;
4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».
5. “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 2025
Ҳамаи ин силсила ташаббусҳои кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳон шуҳрати худро ёфтаанд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҷангу буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Аз ин лиҳоз, кишвари мо, ташаббусҳои худро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ равона карда истодааст.
Вобаста ба ин, тайи солҳои охир, дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар пойтахти кишвар се конфронси байналмилалии сатҳи баланд, дар мавзӯҳои “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018), “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи 2019) ва “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022) баргузор гаштанд.
Дар баробари ин, солҳои 2018-2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ӯҳда дошт. Солҳои 2020-2021 раисии Тоҷикистон дар Нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай доир гашт.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ раёсати Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Таърих ва фарҳанг яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи ҷомеа буда, таҷассумгари ҳар як давлату миллат маҳсуб мешаванд. Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳё ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон дар даврони Истиқлоли давлатӣ даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро бахшида ба санаҳои таърихиву фарҳангӣ дар кишвар ва дар хориҷӣ кишвар ташкил намуданд.
Аз ҷумла, Ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар мебошанд.
Кишвари мо, 6 апрели соли 1993 аъзои комилҳуқуқи ЮНЕСКО (ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) гардид ва худи ҳамон сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ташкил карда шуд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба дастовардҳои назаррас муваффақ гаштааст. Аз ҷумла, мусиқии Шашмақом, «Фалак» ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддӣ ва шаҳрҳои қадимаи Саразм ва Тахти Сангин Боғи миллии Тоҷикистон, «Чакан» ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти ЮНЕСКО шомил гардиданд. Солҳои минбаъда дигар мероси таърихиву фарҳангии мо, аз ҷумла ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бевосита аз таҳким ва тақвият ёфтани симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марзу буми кишвар аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани нақш ва симои кишвар дар ҷаҳон хело бузург аст. Дар ин радиф, мо бояд, ҳамеша кушиш намоем, ки ин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
ҲОШИМОВ Фирӯз Ҷабборович,
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ ДИС ДДТТ