БАРОИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ҲАМА ГУНА АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТҶАМЪ БОШЕМ!

Пӯшида нест, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ бештар рӯ ба рӯ гардида истодааст, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар тақвияти мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб вазифаи на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар атрофи масоили мазкур андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки айни ҳол давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ ба хотири сарнагун сохтани сохти конститутсионии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва қафомонда кӯшиш менамоянд, ки ба воситаи таблиғи идеология, бахусус тавассути андешаҳои хусусияти динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангидошта қишри ҷавонони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, бо ин васила мақсаду ҳадафҳои худро тавассути шаҳрвандони гумроҳшуда дар дохили ҳамон мамлакат амалӣ месозанд. Мо борҳо вобаста ба ин масоил оид ба кишварҳои осебпазир, бахусус Сурияву Ироқ ва Яманро мисол оварда будем. Дар андешаи навбатиамон вобаста ба масоили мазкур иброз дошта қайд менамоем, ки айни замон нисбатан вазъи кишварҳои номбаршуда муътадил аст ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ, Ал-Қоида, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ғайраҳо дар Афғонистон маскан гирифта, фаъолияташонро бо таври ошкорову пинҳонӣ ба роҳ мондаанд. Ин ҳолат на танҳо ба ҳамсоякишвар-Афғонистон, инчунин ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон хатар эҷод намуданашон аз назар дур нест. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки аъзоёни фаъоли созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, амиқтараш бархе шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани бадхоҳони миллат ба мушоҳида мерасанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ, айни замон созмони террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар вилояти Бадахшони Афғонистон, дар паҳлӯи фурудгоҳи ин вилоят, дар канори шаҳри Файзобод (маркази маъмурии ин вилоят) урдугоҳҳои нав бунёд карда, нисбати кишвари мо нияти нопок дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзоёни фаъоли созмони терррористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” хати сарҳад бо Афғонистон дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвозро убур намуда, ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуда, нияти ташкили амали террористро доштанд. Хушбахтона он аз тарафим гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористии КДАМ Тоҷикистон ин ҳолат пешгирӣ карда шуда, ҳар се нафари бадхоҳи миллат безарар гардонида шудаанд. Шахсияти безаргардонишудагон муайян шудааст, ки ҳар се нафар зодагони шаҳри Исфара, Нуробод ва шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буда, қаблан таҳти пайгард қарор доштаанд.
Хулоса, чунин амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқии гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида боис мегардад, ки ба манфиатҳои миллии мамлакат зарари ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Ҳадафи мақолаи мазкур аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гуруҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *