Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-омили пешрафти ҷомеа

Субҳи 13-уми май бо ташаббуси Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки ҳазорҳо нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва доираи васеи ҷавонони вилоят дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, роҳпаймоии умумӣ баргузор гардид.
Ҳайати васеи профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, дар баробари садҳо нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ роҳпаймоӣ намуданд. Донишҷӯёни Донишкада бо шиору овезаҳои “Тағйиру илоаваҳо ба Конститутсия-омили пешрафти ҷомеа”, “Райъпурсӣ ба нафъи ҷомеа аст”, “Тағйиру иловаҳо-таҳкимбахши арзишҳои демократӣ” ва ғайраҳо роҳпаймоӣ карда, мавқеи худро дар таҳкимбахшии рушди босуботи ҷомеа, гиромидошти арзишҳои сиёсиву маънавии давлат, ҷонибдори сиёсати бохирадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзу тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин рӯзи оғози даҳаи ҷавонон дар Точикистон мебошад, ки онро ҷавонони бонангу номуси суғдзамин бо чунин шукӯҳу шаҳомати хоса ва роҳпаймоии сиёсии оқилонаи худ пешвоз гирифтанд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ин маъракаи муҳим аз амалҳои хайрхоҳонаи эшон дар рушду суботи ҷомеаи кишвар ва дастгирии сиёсати бохирадонаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *