Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони мақомотҳои давлатӣ ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба омӯзиши нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Вохӯрӣ ба масоили мубрами рӯз: баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-раъпурсии умумихалқӣ ва аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон бахшида шуда, перомуни дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии мамлакат низ андешаҳои ҷолиб баён гардиданд. Дар мулоқот муовини Раиси комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии вилояти Суғд Саидбой Зокиров, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковник Нозимҷон Турсунов, сардори шуъбаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Иброҳимзода Хуршед ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Юлдошев иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Иброҳимзода Хуршед дар баромади худ аз нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар маълумот дода, зарурати ворид намудани онҳоро таъкид кард. Подполковник Нозимҷон Турсунов аз ҷиноятҳои содиршудаи байни ҷавонону ноболиғони вилоят маълумоти мухтасар дода, зикр кард, ки аз ин ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда 204 ҳолати дуздӣ, 42 ҳолати шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва 319 ҳолат ба ҷиноятҳои дигар дохил мешаванд. Номбурда таъкид дошт, ки афзудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоятро нигарон карда, ба аҳли ҷомеа ташвишовар арзёбӣ мегардад. Дар суханронии хеш Рустамҷон Юлдошев оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, таъмиру азнавсозии зиёда аз 2000 км роҳҳои аҳамияти гуногундоштаи ҷумҳурӣ, таъмин шудани зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор аҳолии кишвар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар далелҳои пешрафти давлату ҷомеи Тоҷикистонро баён намуда, ба дастоварии онҳоро пеш аз ҳама, аз кӯшишу ғайрат, ғамхорӣ ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бонангу ори тоҷик маънидод кард.
Сипас, муовини Раиси комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии вилояти Суғд Саидбой Зокиров баромад карда, зикр дошт, ки Комиссияи вилоятии раъпурсии умумихалқӣ барои баргузории райъпурсӣ пурра омодагӣ гирифта, барои шаффоф гузаронидани он тамоми чораҳои заруриро омода кардааст. «Аллакай Комиссия маълум кард, ки дар вилояти Суғд 2 миллиону 582 ҳазор нафар райъдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 38 ҳазору 905 нафарашон бори аввал райъ медиҳанд. Участкаҳои райъдиҳӣ 923 маконро фаро гирифта,пурра ҷиҳозонида шудааст»-иброз дошт Зокиров С.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён аз масоили гуфташуда суолҳо пешниҳод карда ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамин тариқ мулоқот дар сатҳи баланд баргузор гашта бо хотираҳои нек анҷом пазируфт.