Дар ДИС ДДТТ Иди Ғалабаро ботантана ҷашн гирифтанд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба 71-солагии Рӯзи Ғалаба ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мулоқоти судманд ва чорабинии идона баргузор гашт.
Чорабиниро муовини директори Донишкада оид ба тарбия н.и.и., дотсент Аҳророва Г. Ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт ва риштаи суханро ба меҳмони олиқадр, иштирокчии ҷанг Эшонов Мухаммадхон дод. Эшонов Мухаммадхон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада аз ҳаёти худ ва иштирокашон дар муҳорибаҳои шадиди Сталинград қисса намуданд.

Сипас, донишҷӯён барномаҳои идонаи хешро, ки асосан аз шеърхонӣ, сурудани суруди “Катюша”, саҳначаи бадеӣ ва сурудани сурудҳои эстрадиро фаро мегирифт, манзури ҳозирин гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни Донишкада, ки дар мусобиқаҳои варзишии (Спартакиадаи) байни донишҷӯёни мактабҳои олии касбии вилояти Суғд ғолиб омадаанд, медал ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Бо ҳамин мулоқот ва чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ДИС ДДТТ ҷамъбаст гардида, ба иштирокчиён таасуроти хотирмон вогузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *