Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми майи соли равон дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи Фестивал-озмуни вилоятии “Фурӯғи ҷавонӣ”- донишҷӯёни Донишкада баргузор гардид.
Дар фестивал-озмуни мазкур дастаи ҳунарии донишҷӯёни Донишкада аз рӯи 11 бахш баромад карда, тамоми маҳорату малакаи хешро нишон доданд. Донишҷӯёни Донишкада мутобиқи барномаи таҳияшудаи хеш, ки асосан аз: табрикоти дастаҳои ҳунарӣ (саломнома), суруди умумӣ “Ҳаёти бебаҳо”, рақси якка, хониши бадеӣ (қироати шеър аз ашъори Камоли Хуҷандӣ), суруди шашмақом, саҳначаи ҳаҷвӣ, бадеҳа, суруди халқҳои маскуни Тоҷикистон, суруди эстрадии якка, намоиши сару либоси миллӣ ва сюитаи овозию рақсӣ иборат буд, баромад намуданд. Дар бахши суруди умумӣ “Ҳаёти бебаҳо”, ки ҳамзамон он суруди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ маҳсуб меёбад, донишҷӯёни муассиса онро бомаҳорат суруданд. Донишҷӯён Маҳмудова Д. ва Бобоев А. дар бахши хониши бадеӣ аз ашъори Камоли Хуҷандӣ шеъру ғазалҳо қироат намуда, сазовори баҳои муносиб гардиданд. Суруди шашмақомро донишҷӯ Ашӯров Парвиз бо маҳорати баланд суруда шоистаи таҳсини ҳозирин гардид. Ҳамин тавр дар бахшҳо донишҷӯён Воҳидов О. Исмоилов А. ва Нодира сурудҳои эстрадии якка, бадеҳа ва суруди халқҳои маскуни кишвар “Катюша”-ро иҷро намуда, сазовори баҳоҳои намоён гаштанд. Сюитаи овозию рақсиро ҳайати дастаи ҳунарии донишҷӯёни Донишкада намоиш дода, барномаи Фестивал-озмунро анҷом доданд.
Бо қарори якҷояи ҳайати ҳакамони Фестивал-озмуни вилоятии “Фурӯғи ҷавонӣ” ба барномаи ҳунарии дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ 101 холи умумӣ дода шуд. Мо аҳли Донишкада дастаи ҳунарии донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона ва сазовор гаштанашон ба баҳои муносиб дар ин Фестивал-озмун шодбош мегӯем.