Тақдир ва Ватан яктост

 

Саҳфаҳои рангини рӯзгор ва равиши зиндагӣ ҳикмату ифодаҳои мантиқии ин дурдонагуфторро дар ҳар давру замон ба шаклу сурате татбиқ менамояд, ки хулосаи интиҳояш аз ибтидо то ба интиҳо мазмуни «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност»-ро фарогир мебошад. Васлу пайдарҳамӣ ва авлавияту устувории гуфтаҳои ҳамдиливу ҳамраъӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату баҳамомаданҳо аз равзанае об мехӯранд, ки хатми интиҳояш моро ба суйи сулҳу субот ва дастёбии Ваҳдату якпорчагии сартосарӣ раҳнамун месозад.

Гузашти ду даҳаи соҳибдавлатии навин бо назардошти марҳилаҳои душвори замон садоқату дӯстдорӣ ва меҳру муҳаббати ватандӯстии мардумро ончунон шаклу такмили устувор бахшид, ки натиҷаи воқеъияташро давоми чанд рӯзи охир бар асари ғасбу муноқишаҳои марзии ҳамсоякишвар, яке бо иҷрои рисолат, қисме бо сухану гуфтор ва  дигаре бо қурбонии ҷавонмардона амалу талоши бештар карданд.

Бо иқтифои муқаддимаи масоили мавриди назар, мухотаби тафсилотии муҳими дигар ин аст, ки миллати босаодати тоҷик аз рӯзи азал на танҳо дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамчун қавму қабилаи босаодату накугавҳар, балки дар саросари олам ба сифати як миллати дорои фарзонафарзандони накӯноми шуҳратёр шинохтаву дорои эътибори ҷаҳониён гардидааст.

Ҷойи ифтихору сафарозии махсус аст, ки агарчи бунёди Кохи нурбахши «Роғун»  бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу вуҷуди мардуми диёр ваҳдату ҳамдилии бунёдиро эҷод карда бошад ҳам, вале натиҷаҳои воқеъии поси хотири ҳифозати сарзаминамонро давоми чанд рӯзи охир дар фазои интернетӣ, таҳти шиору хитобаи дурбинонаи Сарвари накуномамон «Тоҷикистон ба пеш»-ро амалан дар якҷоягӣ шоҳиди ҳол гардидем, ки ин рафтору кирдори ифтихорӣ таҳсин ба ҳамватанонамони азизамон аст.

Албатта барои хонандаи закӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоиву маълумоти расмӣ пайдост, ки масъалаи аламотгузории хатти марз ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ муайян гардидаву, барои як муддати муваққат бинобар мушкили обу замин ҷониби Тоҷикистон ин гӯшаи диёрашро баҳри эҳтироми ҳаққи ҳамсоядорӣ ба мардуми қирғиз пешкаш намуда буд.

Дар робита ба ин, бо назардошти асноди муайяншудаи мантиқӣ мазмуни суханронии Пешвои муаззами миллат, зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд басандаву ва як навъ ҳушдорсозии қотеъонаи Сарвари мо ба кулли моликони бонуфузи минтақаву ҷаҳон буд. «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Зеро масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд». Илова бар ин, сар аз нимаи дуюми 29-уми апрели соли равон тариқи сӯҳбатҳои телефонии Пешвои муаззами миллат бо роҳбарони кишварҳои минтақа аллакай алангаи оташи ҷанг хомӯшу ҳайатҳои расмӣ сари мизи музокироти гуфтугӯ бо ҳам нишастанд.

Масири зиндагӣ ва далоили таърих дар масъалаҳои буду бош ва сукунати ду миллати ҳамҷавор бо ҳама мадорику арзишҳои бунёдӣ собит намудааст, ки ин манотиқи даргири  марзӣ, ки дар ҳудуди вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканди ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошанд, тобеъи кишвари мову ҳаққи тоҷикон асту ва то абад хоҳад монд.

Юсупов Ғ. Ғ.,

  ассистенти кафедраи

 молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *