МО ҶОНИБДОРИ СУЛҲЕМ!

            Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард.Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар ҳамдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

Комиссияе, ки рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои марзии ду кишвар созмон дода шуд, чандин соат сабабҳои сар задани ин ҳодисаро баррасӣ кард.

Нишаст шоми 29-уми апрел дар шаҳри Исфара баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканд раҳбарӣ кардаанд. Бино ба изҳороти муштарак, ки нусхае аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳарду тараф розӣ шудаанд.

Муноқишаи мусаллаҳонаро хотима бахшанд. Ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон баргардонанд. Барои роҳ надодан ба ҳаракати беихтиёрона чораҳо андешанд. Якҷоя аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва кормандони ҳукуматҳои ду кишвар барои дар амал татбиқ намудани чораҳои зикршуда гуруҳи корӣ ташкил дода, барои ба эътидол овардани вазъ ва пеш бурдани пурсамари музокирот ба манфиати ду халқу давлати дӯст шароитро фароҳам кунанд.

Гузашта аз ин, “Тоҷикистон агар то чанд соли пеш дар масоили марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя хештандорӣ нишон медод, ба ин натиҷа расид, ки дар ниҳоят ин масъала боис ба имтиёз додан ба ҳамсояҳо хоҳад шуд. Шароити имрӯз бо шароити натанҳо даҳаи солҳои 90-ум, ҳатто бо ибтидои даҳаи 2000-ум фарқ мекунад. Иттифоқоти охир ин паёмро ба тарафи дигар дод, ки Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ бамаротиб ҷиддитар аз гузашта аст.”

Ҳоло чашмҳо ба сӯйи ҳайатҳое дӯхта шудааст, ки дер ё зуд хатти марзи ду кишварро кашида, ба ихтилофҳои кӯҳнаи сарҳадӣ нуқта гузоранд. То он вақт, агар омилу сабабҳои такондиҳандаи низоъ ҳаллу фасл нагардад, пешгирӣ намудани он дар оянда мушкил мешавад. Дар ин самт дарки ду нукта: риоя намудани созишҳои дуҷонибаи имзошуда; дуюм, эҳтиром ба манфиатҳои миллии тарафҳо ва ба назар гирифтани он бисёр муҳим мебошад. Имрӯзҳо, ки ба сари  мардуми Ворух, Исфара мусибатҳое омадаанд,ки ин мушкилиҳои танҳо ворухиёну  исфарагиҳо набуда, балки мушкилии тамоми халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ворух, Чоркуҳ, Исфара инҳо  узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон мебошанд, ки  бояд ҳар яки мо аз як  гиребон сар бароварда дастгири якдигар бошем, чун Саъдии  бузург  гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор,

Мо, ки халқи тоҷик то имрӯз бисёр мусибатҳоро аз сар гузаронидаем, ин мусибатро ҳам паси сар хоҳем кард.

Аминҷонова С.А.,

ассистенти кафедраи забонҳои

 тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *