ТӮДАКАШИ БАДКИРДОРИ БЕГОНАПАРАСТ

      Мо тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки аз ҷониби пайравони фаъоли худсохтаи наҳзат, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравонаш моҳҳои охир, аз ҷумла санаҳои 9, 16, 23, ва 30 октябри соли равон аз имконияту афзалиятњои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад намуданд.

        Барномаи зикршуда, воқеан ҳам ифротӣ аст, ки аз оғози фаъолияташ то имрӯз бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором кунад. М.Садриддин ровии барномаи “Минбари муҳоҷир ” мебошад, ки бо ҷалби шогирдону думравонаш, бахусус бо Муҳаммад Тағоев тиқби барномаи пешакӣ таҳрезишуда баромад намуда, беасос кишвари соҳибистиқлоламонро зери танқид қарор медиҳанд.

      Вобаста ба масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуд, қайд кардан зарур аст, ки ба андешаи мо М.Садриддину думравонаш ва умуман пайравони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли” заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст ва офтобро бо доман пушонида намешавад. Хулоса, М. Садриддин ва умуман шогирдону пайравоин худсохтаи наҳзат гуруҳаки бадкирдори бегонапарасте мебошанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд.

        Барномаи зикршуда, воқеан ҳам ифротӣ аст, ки аз оғози фаъолияташ то имрӯз бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором кунад. М.Садриддин ровии барномаи “Минбари муҳоҷир” мебошад, ки бо ҷалби шогирдону думравонаш, бахусус бо Муҳаммад Тағоев мунтазам, бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари соҳибистиқлоламонро зери танќид қарор медиҳад. Вобаста ба масоили матраҳгардида хулосабарорӣ намуд, қайд кардан зарур аст, ки ба андешаи мо М.Садриддину думравонаш ва умуман пайравони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Амиқтараш М. Садриддин ва умуман шогирдону пайравоин худсохтаи наҳзат гуруҳаки бадкирдори бегонапарасте мебошанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд.

        Хоинони ифротии зикршуда, амиқтараш тудакаши бадкирдори бегонапараст аз табори ҳамон хоҷадорону лаббайгӯёни наҳзатанд, ки ба ивази иғвоандозиашон мукофоту ҳадя мегиранд, лутф мешунаванд. Ҳарчанд ин тӯдакаши бадкирдори бегонапараст зодаи Тоҷикистон бошанд њам, аммо дар асл муносибати дурушт бо Ватан дорад. Рафтору гуфтори гумроҳони бадкирдори бегонапараст бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як тањдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуњуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

        Дар фарҷоми андешаи  хеш баромадҳои тӯдакаши бадкирдори бегонапарастро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, алалхусус ба муњољирони мењнат ќарор дошта, даъват ба амал меорем, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин тудаи бадкирдори ватангадо, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намудан, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд.

Д. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *