ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвогаронаи пайравони худсохтаи наҳзат дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”

     

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни мақолаву изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба ҳаракату гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла пайравони паймони худсохтаи наҳзат, ки дар ҷомеаи имрӯза арзи вуҷуд доранд фаъолият доранд, андешаронӣ намуда баромадҳои онҳоро шадидан маҳкум намудаему менамоем. Ин навбат низ тасмим гирифта, нисбат ба афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин,ки яке аз пайравони наҳзат, амиқтараш шогирди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари паймони худсохтаи наҳзат милли – “Паймони милли” мебошад, дар яке дар кишварҳои Аврупо маскан гирифта, имрӯзҳо ба ҳар восита ,аз ҷумла тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдонаш баромадҳо намуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, туҳмату таҳқири роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин, дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ иғво меангезад. М.Садриддин дар давоми моҳи октябри соли равон, аз ҷумла санаҳои 9, 16, 23 ва 30 октябр тавассути сомонаи ифротӣ ваа барномаи зикршуда бо ҷалби думравонаш, алалхусу Муҳаммад Тағоев нисбат ба давлату миллати мо суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тӯҳмату ғайбат намуд, ки ин гуна ашхосро метавон хоин ва ватанфурўш, нокасу палид ном бурд. Баромадҳои М.Садриддин ва М. Тағоев беасосу бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангезу иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбати раҳбарияти сатҳи гуногун инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад.

Хулоса, бадхоҳони миллат ақли худро бохтаанду аз бадсириштӣ ба миллату давлат хиёнат мекунанд. Таъкидан қайд менамоем, ки ин гуруҳаки пайравони худсохтаи наҳзати аҳмақнамо ҳеҷ гоҳ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонанд.

Дар интиҳои изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои ифротӣ, ҳилаву дасисаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравонашро доимо шадидан маҳкум менамоем ва моро бори дигар водор месозад, ки аз чунин қабил хоинони миллату давлат бояд дар эҳтиёт бошем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар талош варзанд.

 

Один комментарий для “ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвогаронаи пайравони худсохтаи наҳзат дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир””

  1. 123

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *