ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба баромади иғвоангезонаи яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳза- М.Садриддин дар сомонаи “Ислоҳ. нет” (аз 05.11. 2024)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи яке аз пайрави фаъоли наҳзат, Муҳаммадиқболи Садриддин, амиқтараш шогирди Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари паймони худсохтаи наҳзат-Паймонии милли мебошад, андешаҳои хешро иброз дошта будем.

    Ин навбат низ оид ба баромади навбатии М.Садриддин ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки дар изҳороту мақолаҳои ташкилоту муассисаҳои кишвар,алалхусус ҳайати омӯзгорону профессорони Донишкада бо назардошти далелҳои асоснок рафтору гуфтори М.Садриддин борҳо шадидан маҳкум карда шудааст. Вале, то имруз М.Садриддин ва пайраони наҳзат ба худ хулосаи зарурӣ набароварда,аз ҷумла дар моҳи октябр, санаҳои 9,15,23,30 ва 5 ноябри соли ҷорӣ таҳти унвони “Талаби тағийроту ислоҳот, на масъалаи ҲНИТ аст на ПМТ ва режими ММ” тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” боз худро “уламои дин” шуморида, бо ҷалби думравонаш худро бегуноҳу дигаронро ғайбат намуд.

    Ингуна рафтору кирдори ғайбату иғвогарӣ аз ҷониби дигар пайравони паймони худсохтаи наҳзат афроде бо номи Ҳусейн Ашуров ба мушоҳида мерасад, ки дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ровигӣ менамояд.

     Ҳ.Ашуров чун М.Садриддин бо ҷалби шогирдонаш дар барномаи зикршуда баромад намуда, мехоҳад нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст занад ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шавад. Хиёнатпешагони зикршуда агар ҳар моҳе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтону ғайбат наяфкананд худро ором намегиранд. Ин тӯдаи бефарҳангон нисбати миллату давлат хиёнат мекунанд.Бо дарназардоштми гуфтаҳои боло, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки на танҳо намояндагони илму фарҳанг ва маориф, умуман аҳли зиё, ходимони динӣ ва ҳар як сокини мамлакатро эҳсоси масъулият ва қарзи инсониву имонӣ мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан барои тақдири насли наврасу ҷавони имрӯза бетараф набошанд. Дар ҳар хонадон, кӯча, маҳалла, деҳа ва ҷамоат бо иштироки доираҳои васеи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мафкураву идеологияи аҳолиро дар самти ватандориву меҳанпарастӣ баланд бардоранд ва барои боз ҳам вусъат додани бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат банданд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *