Созмони худсохтаи назҳатӣ ба номи “Паймони миллӣ” , ки бевосита ташкилоти экстремистию террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва як қатор дигар ташкилотҳои экстремистии мамнӯъ дар кишварамон, ҳамчунон ҳаммаслаку хоҷагонашон таҳти роҳбарии Муҳиддини Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд нисбати кишварамон иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд.
Мо борҳо, ду се ташкилоту ҳаракатҳои шомили “Паймони миллӣ” буда, маҳз номи ҲНИ-ро мисол овардем. Чунки ҷараёни таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ҳадафҳои ниҳоии худро роҳандозиву амалӣ менамоянд, ки дар ҳама ҳолатҳо ба манфиати мардуми оддӣ набудааст. Ҳатто ин падидаро роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, алалхусус Муҳиддини Кабирӣ ва пайравонашон, дар ҷаҳони ислом ташаккули худшиносии динии халҳҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият хеле дур аст. Ин тӯдаи оварагарди аврупоӣ, бегонапарастӣ намуда, ҳеҷгоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси хешро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Умуман рафтору гуфтори разилонаю ҳасадбаронаи раҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ нисбат ба рушду тараққиёти кишвар тавассути сомонаву сайтҳои интернетӣ барномаҳои иғвоангезонаро таҳрезиву пахш менамоянд. Барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад, подоше, ки онҳо сазоворанд шармандавор аз сӯи хоҷагонашон ҳатман мегиранд. Боиси тазаккур аст,ки халқи Тоҷикистон, аз вартаи ҳалокатвори сиёсӣ ҳанӯз солҳои 1990-ум дарси ибрат гирифтаву фаромӯш накардаанд, ки ин ҳама дасисабозиҳо дасти бегона ҳасту оқибати марговар дорад. Умуман, ки будани бадхоҳони миллатро дарк кардем, ки кадом ҳадафро роҳандозӣ мекарданд. Хулоса, мо бояд худогоҳу худшинос бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз нагузорем, ки бадхоҳони миллати тоҷик, аз қабили ТТЭ ҲНИ ва ғайра тӯдаҳои фирефташудаи авбош ба мақсадҳои разилонаву ғаразнок фазои ороми кишвари ҷононоҷони моро халалдор созанд!
Ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем! Бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем, зеро Истиқлолият неъмати бебаҳост, ки мо миллати тоҷикро бо рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ