Тавре пештар иттилоъ дода будем, аз 22 то 28-уми май дар ДИС ДДТТ “ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ-2023” (INTERNATIONAL WEEK 2023) баргузор гардида истодааст. Дар доираи ҳафта ба Донишкада аз Донишгоҳи Кантабрияи Испониё, ки шарики стратегӣ ва ҳамкори боэътимоди ДИС ДДТТ маҳсуб меёбад, меҳмонон кормандони бахши байналмилалии Донишгоҳи Кантабрия Пабло Диаз Ҳубете ва хонум Паула Лопес Касадо ташриф оварданд.
Санаи 23-юми май меҳмонон бо директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. мулоқот анҷом дода, қаноатмандии хешро аз ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду ҷониб иброз намуданд.