ҶАВОНОН НАБОЯД БА ПАЙРОҲАИ ГУМРОҲӢ РАВАНД!

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки созмону гурӯҳҳои ифротгаро аз доира ва нуфузи фаъолияти як давлат ва минтақа берун гардида, дар шаклҳои маъмулии терроризму ифротгароии динӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра гардидааст. Чунончи ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ”  таърихан ҳудуди даҳсолаҳо  арзи вучуд дорад, ки зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ  ҷавононро ба худ ҷалб намуда, онҳоро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона сохта, бо ин роҳ ба мақсадҳои ғаразнокашон ноил шаванд. Надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона  дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳамроҳ гаштанд. Аз ин ҳолат созмону гурӯххои бадрафтор, алалхусус ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ  ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷалб намуда буданд.. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ  дар саффи ҷангиёни ДИИШ беш аз ҳазор нафарро ташкил медод.

          Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.Чунончи моҳи июли соли 2022 146 зану кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда буданд. Дар соли 2023, аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас, яъне 33 духтар ва 40 писар ба Тоҷикистон оварда шуданд. Инҳо ҳамсар ва фарзандони ифротиҳо мебошанд, ки бинобар ба минтақаҳои ҷангзада рафтани ҳамсари худ ба онҷо сафар намуданд ё бо маҷбур кардани сарвари хонавода рафтор ва рамзҳои зоҳирии худро тағйир доданд. Аксари ин занон ҳамроҳ бо шавҳарони худ дар солҳои 2014-2016 ба Сурия ва Ироқ рафта буданд ва пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 онҳо дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки то ҳол, мутаассифона, занони маҳбуси тоҷик дар зиндони занонаи Русафаи Ироқ қарор доранд. Занони маҳбус, асосан хонаводаи афроди ҷангҷӯёни тоҷики созмонҳои ифротӣ, асосан ДИИШ мебошанд, ки дар пайи саркӯб шудани бо ном “хилофати исломӣ”, ки ДИИШ дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Ироқу Сурия таъсис дода буд, аз ҷониби мақомоти амниятии Ироқ дастгир шудаанд.

           

           Дар интиҳои андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард,ки  ҳар як узви ҷомеа бояд бошуурона дарк намояд, ки дар раванди ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, мақсади ниҳоии ҳар шакли муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳадафҳо ва мақсадҳо аст. Бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, моро аз ҳувияти миллии хеш раҳонда, қабули мафкураи дигарро дар мағз-мағзи идрок ва шуури ҳамватанон ҷо намуда, талқини маданияти дигар, фарҳанги бегона ва ғояҳои иртиҷоиро дарбеҳ намоянд. Ин масоили хеле ҷиддӣ ва мубрами рӯз буда, на ҳар як шаҳрванди оддӣ дар сатҳи шуури муқаррарӣ ба моҳияти ин масъалаҳо сарфаҳм меравад. Маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, ки, аслан, аз носолимии оила сарчашма мегирад, дар раванди зиндагӣ нотайёр, инкишоф наёфта, боиси кундзеҳнӣ, камтаҷрибагӣ, костагии фаҳмишҳои сиёсӣ, надоштани мустақилият мегардад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сокинони меҳнатқарини кишварамон бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ заҳмату ҷонбозиҳои бемисли фарзанди баруманди миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободию шукуфоии Ватан дастҷамъона талош меварзанд. Дигар падару модар ва тамоми ҷомеа ба тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва намегузоранд, ки нохалафон дигарбора ҷавонони минтақаро ба пайроҳаи гумроҳӣ раҳнамоӣ кунанд.

Д. ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *