СУИСТИФОДАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ АЗ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

 

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби наҳзати исломӣ, алҳол ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ дар фаъолияти бисёрсолаи худ асосан дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват, иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайраро дарбар мегирад. Оқибат ин ҳизб ба ҳизби террористӣ мубаддал гашта, бо ҳар гуна роҳҳо дини мубини исломро ғаразнок истифда бурда, бисёр амалҳои номатлубро содир намудааст. Воқенан тасдиқи ин гуфтаҳо ” аз ҷониби шоҳидон ва далелҳои амиқ дар филми мустанади “Хиёнат аёну исбот шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низоми гуногунии ақоидатиро пешбини карда, муқаррар мекунад, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳое наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ этироф шавад. Аммо фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар собит менамояд, ки дар амал мушаххас намудани марзи мафҳумҳои «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсии характери динӣ дошта» бисёр мушкил мебошад. Маҳз ҳамин хусусияти васеи қонунгузорӣ мавриди сӯйистифодаи ошкори собиқ ҲНИ қарор гирифтааст. Ҳизби сиёсии динӣ дар таблиғоти ҳизбии худ аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи ТТЭ ҲНИ комилан поймол шудааст ва аз байн рафтааст. Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи руҳониёни алоҳида мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон  ва ҷавонон ба роҳ мондаанд.Ислом танҳо иборат аз ибодат нест. «Ислом ҳам дин,  ҳам дунё ва ҳам охират аст». (Кенҷаев С. Табаддулоти Тоҷикистон, қис 1. – Душанбе 1993 – саҳ. 259)

Муайян карда шуд, ки мақсади асосии  аъзои фаъоли собиқ ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломироо ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизби мазкурро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.

Мо, зиёиён, аҳли устодону фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, ҳамагонро ба Ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кушишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем!

 

ЮНУСОВА О., дотсенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *