ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ХИЁНАТКОР 

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ташкилоти террористию экстремистии хиёнаткор ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) мебошад, ки фаъолияти он воқеан иғвоангезию дурӯғгӯист.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фурсати бадастомада намояндагони ТТЭ ҲНИ манфиатҳои ғаразноки худро истифода намуда, мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд. Аз нооромии баамаломада собиқ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштор даст зад. Ин амали нангини ТТЭ ҲНИ боиси кушта шудани чанд тан аз ҳамватанони мо гардид. Аз ибтидо фаъолияти ҳизби наҳзат ба ноором кардан ва суботу амнияти давлат равона гардида буд ва мехостанд сулҳу оромиро халалдор созанд. Тасдиқи ин гуфтаро мо дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”мебинем, ки он амалҳои содирнамудаи навҳзатиён  боз аёнтару исботи худро ёфт.

Имрӯз бештари пайравони аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ дар Аврупо қарор дошта, пӯсту рӯи худро тағйир дода, баҳонаҷӯю разилтару ғайбатчӣ шудаанд, ки гуфтору рафтори разилони ватанро маҳкум намуда, нисбати онҳо ибрози андеша менамоем. Таҳлилҳо собит менамояд, ки наҳзатиён худсарона бе ягон ҳуҷҷати расмиятдарорӣ собиқ ҲНИ-ро ба созмон табдил дода, онро Паймони  миллӣ…” ном гузоштаанд ва  боз чун солҳои қаблӣ барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам, алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин баромад карда истодаанд. Чунин гуфтору рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Ёдовар бояд шуд, ки собиқ ҲНИ дар зарфи тамоми фаъолияташ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дасиса бо бадномсозии ҳокимони давр, танқиди сиёсати замона мехоҳанд, реҷае барқарор сохта бошанд, ки дар он сарвар ҳокимияти олӣ дошта, амалу кирдорҳои онҳо танқиднопазир бошад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки пайравони ТТЭ ҲНИ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд. Бинобар ин мо вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намуда дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегонагон дода нашаванд дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия ёбанд, ки яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шудааст.

 

ҲОМИДОВА М.К.,

                          ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *